Зарегистрироваться
Восстановить пароль
FAQ по входу

Унсурмаолии Кайковус. Қобуснома. Қисми саввум 3/3

  • Файл формата rar (part3)
  • размером 171,34 МБ
  • содержит документ формата audio
  • Добавлен пользователем
  • Описание отредактировано
128 kbps. — Давомнокии 10:32:42.
Қобуснома аз 44 боб иборат буда, ҳар боби он ба яке аз масъалаҳои гуногуни ахлоқу одоб, расму оин, маишату рӯзгордорӣ, оилаву хонадорӣ, таҳсилу таълим, омӯзиши касбу ҳунар, санъату варзиш, сиёсату идораи мамлакат ва дигар паҳлуҳои зиндагии инсон бахшида шудааст. Унсурмаолии Кайковус пас аз бобҳои анъанавӣ, ки бо тақозои мафкураи ҳукмрони замони ӯ ҷанбаи динӣ доранд, аз боби панҷум сар карда, таваҷҷуҳи хонандаро ба шинохтани ҳаққи падару модар ҷалб менамояд, аз фазилатҳои асосии инсон – нутқу суханварӣ ва некиву накукорӣ мулоҳизаҳо баён мекунад. Кайковус баёнро аз моҳияти инсон шуруъ намуда, дар бобҳои гуногун дар бораи ташаккули фарзанд аз кӯдакиву ҷавонӣ то пирӣ ва аз омӯзиши илму пешаҳои гуногун, тадриҷан то ба дараҷаи ҳукмрони мамлакат расидани ӯ сухан меронад. Дар Қобуснома Кайковус пеш аз ҳама ба некиву накукорӣ диққат медиҳад ва инро аз фазилатҳои асосии инсон дониста, дар ҳар маврид талқин мекунад: «Аммо некӣ аз сазовори некӣ дареғ мадор ва некиомӯз бош… Ва бар некӣ кардан пушаймон мабош…» Дар бобҳои гуногуни "Қобуснома" муаллиф ҷоҳилӣ, фиреб, худписандӣ, бадгӯӣ, кинаву бахилӣ, риёю ситам барин хислатҳои зиштро маҳкум намуда, дӯстию некукорӣ, ростиву ҷавонмардӣ, саховатмандӣ, фурутанӣ, беозорӣ ва дигар фазилатҳои ҳамидаи инсониро ситоиш ва талқин мекунад.
  • Чтобы скачать этот файл зарегистрируйтесь и/или войдите на сайт используя форму сверху.
  • Регистрация